ТАСС ҳамчунин менависад, «мақомоти салоҳиятдор дар бораи ҳақиқатан ҳам дар сафҳои Давлати исломӣ дар Сурия қарор доштани Ҳалимов, ки ҳанӯз ахири моҳи апрел бо ду тан аз ҳаммаслакони наздики худ тариқи транзит аз Туркия ба он ҷо рафтааст, маълумоти дақиқ дар даст доранд».
Ба иттилои намояндаи КДАМ, «айни замон Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати 417 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба гумони зархаридӣ парвандаи ҷиноӣ боз намудааст. «Ному насаб ва дигар ахбори марбут ба онҳо маълум буда, дер ё зуд ин афрод назди қонун барои аъмолашон ҷавоб хоҳанд гуфт», — афзудааст ҳамсуҳбати ТАСС.
Қобили зикр аст, ки бо пешниҳоди Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, Суди олии Тоҷикистон Гурӯҳи Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ)-ро ба феҳристи созмонҳои террористӣ шомил кард.
Дар ҳамин ҳол, радиои «Озодӣ» бо истинод ба CNN хабар медиҳад, ки Департаменти давлатӣ ё Вазорати умури хориҷии Амрико тамринҳои зиддитеррористии Гулмурод Ҳалимовро тасдиқ намуда, Пуҷа Ҷунҷунвала, намояндаи расмии ин ниҳод гуфтааст, Ҳалимов бо пешниҳод ва замонати ҳукумати Тоҷикистон ба ин тамринҳо роҳ ёфта, аз соли 2003 то 2014 панҷ давраи омӯзишии зиддитеррористиро дар Амрико ва Тоҷикистон гузаштааст.
«Ҳадаф омӯзиш додани номзадҳо бо навтарин шеваҳо ё тактикаи навтарини мубориза бар зидди терроризм буд, ки инак худи Ҳалимов ба сафи онҳо пайвастааст», — иброз доштааст номбурда.
Мавриди зикр аст, ки фармондеҳи ОМОН-и ВКД Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимов бо дархости ҳукуматдорони Тоҷикистон мавриди пайгарди қонунии байнулмилалӣ эълон шуд. Ин эълон дар сомонаи расмии Созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ (Интерпол) ҷойгир шудааст. ASIA-Plus