Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёт 8 феврали соли 2023 гуруҳи намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба вилояти Нижегороди Федератсияи Россия сафар намуд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии ба номи В.П.Чкалови шаҳри Нижний Новгород намояндагони вилояти Суғдро масъулони вилояти Нижегород истиқбол гирифтанд.
Ҳадаф аз ин сафар густариши робитаҳои иқтисодӣ, шиносоӣ бо вазъи иқтисодӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахшҳои саноату кишоварзӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят ва ташкили корхонаҳои нави саноатӣ буда, дар назар аст, ки дар доираи сафар мулоқоту музокироти дуҷониба сурат гирад.
Дар доираи сафар Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳамроҳонаш аз корхонаҳои саноатии «Борская войлочная фабрика», «Борский стекольный завод» ва корхонаи истеҳсоли плита ва блок барои сохтмон боздид карда, барои роҳандозии ҳамкориҳо гуфтушунид анҷом доданд.
Намояндагони вилояти Суғд бо тарзи коркарди пашм ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз он, истеҳсоли шиша барои автомобил ва биноҳо, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ дар вилояти Нижегород шинос гардиданд.
Шиносоии ҳайати вилояти Суғд бо фаъолияти корхонаи саноатии «Промавто»
Дар рӯзи дуюми сафар ба вилояти Нижегороди Федератсияи Россия ҳайати вилояти Суғд бо роҳбари Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Нижний Новгород бо фаъолияти корхонаи саноатии «Промавто» шинос гардид.
Чуноне иттилоъ дода шуд, дар корхонаи азими саноатӣ мошинҳои махсус, аз ҷумла мошинҳо барои кашонидани маводи ғизоӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, лабараторияи сайёр ва контейнерҳо, мошинҳои ёрии таъҷилӣ, мошинҳои хизматӣ барои мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳолатҳои фавқулода истеҳсол карда мешавад.
«Промавто» соли 2000 мавриди истифода қарор гирифта, дар он то имрӯз беш аз 20 000 мошинҳои гуногун истеҳсол гардидааст. Корхона аз таҷҳизоти муосири давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон истифода бурда, барои муштариёни худ беҳтарин мошинҳоро омода месозад.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона ва мошинҳои хизматии дар он истеҳсолшаванда Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон саноатикунонии босуръат ҳадафи стратегӣ эълон гардида, дар доираи ин иқдом ба рушди соҳаи саноат, аз ҷумла саноати мошинсозӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Аз ҷониби давлат барои рушди соҳаи саноат имтиёзҳо пешбинӣ гардида, дар вилояти Суғд захираву имкониятҳо барои бунёди корхонаи муштараки мошинсозӣ мавҷуд буда, ширкатҳои «Норд Азия метал» ва «Тоҷфилиз» метавонанд истеҳсоли корпусҳои асосӣ ва қисмҳои иловагиро омода созанд.
Таъкид карда шуд, ки роҳандозии истеҳсоли мошинҳои гуногуни хизматӣ дар вилояти Суғд ба манфиати ҷонибҳо аст. Аз доираҳои соҳибкории вилояти Нижегород даъват ба амал оварда шуд, ки барои шиносоӣ бо имкониятҳо ба вилояти Суғд ташриф оваранд.