Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар раванди таҳкими Истиқлолияти давлатӣ


Хуҷанд. Тоҷикистон. 4 сентябри с. 2019. Чунин унвон дошт мизи мудаввар, ки имрӯз дар толори маҷлисии меҳмонхонаи“Суғдиён” доир гардид.

Мизи мудавварро КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба муносибати солгарди 28-уми Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил кард ва дар он нақши ҳизби мардумӣ – ҲХДТ дар таҳкими истиқлолият мавриди баррасӣ қарор гирифт.

– Истиқлолияти давлатӣ арзиши волои зиндагӣ ва дастоварди бузурги даврон мебошад, – гуфт зимни ифтитоҳи мизи мудаввар Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода. Даст ёфтан ба истиқлолияти давлатӣ ва раванди таҳкими он душвориҳои зиёд дошт. Бинобар ин, ҳифзи ин дастоварди бузурги таърихӣ масъулияти калони ҳар фарди ватандӯсту хештаншиносро тақозо мекунад. Махсусан, вазъияти феълӣ водор месозад, ки беш аз ҳарвақта дар таҳкиму гиромидошт ва ҳимояи истиқлолияти давлатӣ талошҳо ба харҷ диҳем.

Сатториён Матлубахон Амонзода ҳамчунин илова кард, ки дар Барномаи ҲХДТ, дар самти татбиқи сиёсати дохилӣ ҳимояи истиқлолияти давлатӣ дар маҳаки асосӣ қарор дорад. “Дар он қайд мешавад, ки ҳимояи истиқлолияти давлатӣ дар шароити мураккабу душвори ҷаҳони муосир ва равандҳои пуртазоди сиёсӣ дар ҳимояи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба шумор меравад”.

Дар мизи мудаввар профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ваҳҳоб Набиев дар мавзӯи “Истиқлолият – соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти комили тоҷикон” маърӯза ироа кард.

Вай даврони соҳибистиқлолиро ба се марҳила қисмат карда, доир ба ҳар якмарҳила бо мисолҳои мушаххас маълумотҳои ҷолиб пешниҳод кард. Солҳои 1991-2000-ум аз марҳилаи аввал ва душвори таърихи давлатдории навини мо маҳсуб мешавад. Маҳз дар ин давра истиқлолияти давлатӣ ба хатарҳо рӯ ба рӯ гардида, туфайли баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳифзи он таъмин гардид. Дар ин роҳ ҷоннисориҳои Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи устувори халқи мамлакат нақши муассир дошт. Солҳои 1997-2000-ум марҳилаи дуюм арзёбӣ мешавад, ки бартарафу барқарорсозии вазъияти баъдиҷангӣ асосан ба ин солҳо рост меояд. Аз соли 2000-ум ин сӯ марҳилаи бунёдкориву созандагӣ аст, ки дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоиву фарҳангии миллат асосан ба ин солҳо рост меоянд.

Аз ҷумла, дар пешрафти илму маънавиёт низ ин даврон шароити мусоиду мувофиқро фароҳам овард. Ин маънӣ дар маърӯзаи дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Нуралӣ Нурзод ифодаи бештар ёфт. Маърӯза “Истиқлолияти миллӣ – дастоварди таърихӣ ва саодати бузурги маънавӣ” унвон дошт. Таъкид шуд, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ба масоили эҳёи таъриху тамаддуни ниёкон, рӯй овардан ба ҳувият ва асолати миллӣ тадбирҳои ҳадафрас анҷом дода шуд.

Дар мизи мудаввар раиси шӯрои собиқадорони КИВ ҲХДТ Анвар Ҷалилов, собиқадорони меҳнату ҳизб Карамулло Одилов ва Мурод Шукурзода доир ба дастовардҳои дигари даврони соҳибистиқлолӣ, арҷгузорӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва инчунин нақши ҲХДТ дар таҳкими ин дастоварди бузург ҳарф заданд. Дар қисмати дуюми мизи мудаввар КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд як қатор фаъолони ҳизбро бо ифтихорнома ва медали ҷашнии ҲХДТ қадршиносӣ кард.

Бобоҷон Қурбонов

Вам может также понравиться...

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован.