Садумин солгарди Расул Ғамзатов дар Москва

Садумин солгарди Расул Ғамзатов дар Москва

Имрӯз, рузи 6-уми сентябр, аҳли адаб ва мухлисони шеъру шоирӣ зодрӯз ва садумин солгарди шоъири маҳбуби Доғистон Расули Ғамзатовро ҷашн гирифт.

Албатта замони Шӯравӣ шоиру нависанда ва дигар гурӯҳи эҷодкорони шинохтаи мардумӣ хеле зиёд буд, ки эҷодиёти онҳоро ба забонҳои мардуми Шӯравӣ ва забонҳои дигари хориҷӣ тарҷума мекарданд, ки ҳаводорони эшон дар як замон бисёр мешуд. Маҳз баъди ба забони русӣ тарҷума кардани ашъори Ғамзатов мардуми Шӯравӣ ва берун аз он бо бузургиҳои кишвари доғистон хубтар бохабар шуданд.

Ҳанӯз 31 августи соли 1963 яке аз тарҷумонҳои забардасти Шӯравӣ Корней Иванович Чуковский дар машҳуртарин рӯзномаи он замон «Литературная газета» чанд намунаеро ба дасти нашр дода буд, ки ба мардуми Шӯравӣ хеле писанд омад.

Ба ин муносибат рӯзи 6-уми сентябр дар толори «Хонаи миллатҳои Москва» 100 солагии устод таҳти унвони «Ворисони Ғамзат» баргузор карда шуд.

Раиси ҷамъияти шоирони рус Александр Чистяков маҳфилоро оғоз карда, ҳамагиро бо ин муносибат шодбош гуфт.

Ҷашнгирии солгарди ин шоир воқеаи хеле муҳими таърихӣ ба шумор меравад.

Нахустшеъри «Рафтанд рӯзҳои офтобӣ» дар оҳанги Раймонд Паулис қироат карда шуд.

Элберт Гаглоев мунақид ва таҳликори каломи бадеъ баромад карда, мақоми баланди сухани шоирро ба ҳозирин хеле хуб баён намуда, олитарин сухани шоъирро дӯстӣ ва ҳамбастагӣ номид.

Табиби доғистонӣ Нуруллоҳи Убайдуллоҳ ишқи покро дар шеъри «Дустӣ»-и устод ба русӣ ва аварӣ қироат кард.

Овозхон Аида Маликова шеърҳои «Гаҳвораҷунбон», «Хоҳиш» ва «Доираи ман»-ро дар оҳанги Алексея Экимян хонда, хотири ҳозиринро хеле шод кард.

Ҳамчунин сухан ба шоир Олег Столяров дода шуд, ки шеъри «Ба Расул» ва «Дар бораи Пушкин»-ро қироат кард.

Директори «Хонаи дӯстии Москва» Сергей Ануфриенко баромад карда, ҳозиринро хушомад гуфта, хотиррасон кард, ки як замоне Расул Ғамзатов дар дафтари хотироти Хонаи мо сухани нек навишта, имзо низ гузошта буд.

Ходими хизматнишондодаи театр Ирина Елисеева бо кӯмаки пианинанавоз Алексей Муродов шеърҳои «Панҷ дақиқа пеш аз ин» ва «Меҳр»-ро хеле хуб хонд.

Табиби москвагӣ, шоир ва нависанда Владимир Малаховский илҳом аз шеъри Ғамзатов гирифтаро дар рубоӣ ва шеъри хеш иброз намуд.

Шеъри «Фаромӯш нахоҳам кард»-и Ғамзатов дар оҳанги овозхони машҳур Юрий Антонов хонда шуд.

Бояд гуфт, ки баъди тарҷумаи шеъри «Парвози кулангҳо» дар иҷрои ходими хизматнишондодаи Шӯравӣ Марк Бернест ин марди доғистонӣ дар қаламрави Шӯравӣ шинохтаву маҳбубтар гашт.

Чизи дигарро бояд қайд намуд, ки рӯзи 8-уми сентябр дар шаҳри Махаҷқалъа пойтахти Ҷумҳурии Доғистон ҷашни бошукуҳи 100 солагии шоир таҷлил хоҳанд кард.

Сарчашма:

Гулнора Исҳоқова, ходими калони «Хонаи миллатҳои Москва»

Вам может также понравиться...