Тибқи иттилои вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода таъмини барқ дар минтақаҳо аз тарафи тамоми сохторҳои «Барқи тоҷик» зери назорати қатъӣ қарор гирифта шудааст ва аҳолии ҷумҳурӣ 13 соат бо неруи барқ таъмин мебошад.
Ҳамчунин номбурда таъкид намуд, ки Вазорати энергетика ва захираҳои об дар мавриди таъмини аҳолӣ бо барқ кор карда истодааст ва кӯшиш менамояд, ки дар моҳи феврал дар масъалаи таъмини аҳолӣ бо барқ тағйирот ворид кунад. АМИТ «Ховар»