Озода Рахмон: птица высокого полета

Худоёрзода Бахтиёр Тавар освобожден от должности руководителя Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан, и его кандидатура предложена Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан для утверждения на должность председателя Центральной комиссии по выборам и референдумам Республики Таджикистан.
Рахмон Озода Эмомали освобождена от должности первого заместителя министра иностранных дел и назначена руководителем Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан. НИАТ «Ховар»

___________________________________________________________________________________________________

Худоёрзода Бахтиёр Тавар аз вазифаи роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва номзадиаш барои тасдиқ ба вазифаи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Раҳмон Озода Эмомалӣ аз вазифаи муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ озод ва роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

М А Ъ Л У М О Т Н О М А

Раҳмон Озода Эмомалӣ, соли таваллудаш 1978, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 2000 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси «ҳуқуқшиноси байналхалқӣ», соли 2004 Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айниро бо ихтисоси «муаллими забони англисӣ» ва соли 2006 Донишгоҳи Ҷорҷтауни Штатҳои Муттаҳидаи Америкаро хатм намудааст.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.

Раҳмон О.Э. фаъолияти меҳнатиашро баъд аз хатми Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дар низоми Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оғоз намудааст

Солҳои 2005-2007 Раҳмон О.Э. дар вазифаи атташе оид ба фарҳанг ва маорифи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка фаъолият намуда, баъдан солҳои 2007-2009 ба сифати сардори Раёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иҷрои вазифа намудааст. Аз моҳи сентябри соли 2009 то моҳи майи соли 20014 ба сифати Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва аз 15 майи соли 2014 дар вазифаи Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  кору фаъолият дорад.

Раҳмон О.Э. дар ҳимояи манфиатҳо ва мавқеи кишвар дар рафти вохўрию мулоқотҳо бо намояндагони баландпояи давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ва такони нав бахшидан ба муносибатҳои консулии Тоҷикистон саҳми арзанда дорад.

Қобили қайд аст, ки маҳз дар давраи фаъолияти Раҳмон О.Э. дар низоми Вазорати корҳои хориҷӣ  бо ибтикор ва роҳбарии ў санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  вобаста ба фаъолаияти консулӣ такмил гардиданд. Аз ҷумла, дар ин давра «Қоидаҳо оид ба тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ», «Қоидаҳои додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии маълумот ва Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия шуданд, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ гардиданд.

Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки бо ташаббуси Раҳмон О.Э шиносномаҳои биометрӣ ва кортҳои идентификатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷорӣ гардида, тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ гардонида шудааст.

Саҳми Раҳмон О.Э. дар амалӣ намудани иқдому ташаббусҳои Пешвои миллат, ки боиси боз ҳам боло рафтани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мегардад, тавсеа ёфтани муносибатҳои дипломатӣ хеле назаррас мебошад. АМИТ “Ховар”

Вам может также понравиться...

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован.