Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорат, зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, махсусан дар соҳаҳои ҷалби сармоягузорӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Чину Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ғайра табодули назар намуданд.
Қобили зикр аст, ки тайи даҳсолаи ахир Чин ба яке аз шарикони асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон табдил ёфт.
Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, давоми солҳои 2007-2014 ба иқтисоди Тоҷикистон аз Чин ба маблағи 1 млрд. 36,5 млн. доллари ИМА сармоя ҷалб шудааст, ки ба рушди бахшҳои алоқа, сохтмон, хизматгузориҳои молиявӣ, иктишофи геологӣ ва истихроҷ, насби таҷҳизоти техникӣ, саноат ва дигар соҳаҳо равона шудааст.
Давоми солҳои 2015-2018 Тоҷикистон аз Чин боз дар ҳаҷми 6 млрд. доллари ИМА сармоя ҷалб карданист.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар савдои беруна бо Тоҷикистон соли 2014 Чин баъди Русия зинаи дуюмро ишғол намуд. Ҳаҷми муомилоти молӣ бо Чин ҳудуди 800 млн. доллари ИМА ё худ 14,6% аз ҳаҷми умумии савдои берунаи Тоҷикистонро ташкил дод. ASIA-Plus