Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин робита иттилоъ дод, парвандаи ҷиноӣ мутобиқи моддахои 174 (Иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба тарбияи ноболиғ) ва 316 (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон огоз гардидааст.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 11 октябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он барои аз дарс дер мондан омӯзгор толибилмро лату кӯб мекунад.
Аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ин муаллим Асламшо Султоншоев, омӯзгори фанни риёзиёти Мактаб-интернати ҷуҳуриявии тамоюли варзишии ба номи Иброҳим Ҳасанов дар Душанбе мебошад. Ӯ ҳамчунин роҳбари синфи толибилм Муҳаммадҷон Сулаймонови мавриди латукӯб қароргирифта низ будааст. Ин навори видео моҳи апрели соли равон сабт шудааст. Айни замон Муҳаммадҷон дар Омӯзишгоҳи Душанбе таҳсил дошта, ба балоғат расидааст.
Дар ҳамин ҳол, худи Асламшо Султоншоев ба Радиои Озодӣ дар мавриди ин қазия гуфтааст, ин рафтораш барқасдона ва аз сари ғазаб набуда, танҳо хостааст шогирди дарсгурезашро танбеҳ диҳад.
«Чаҳор рӯз пайиҳам Муҳаммадҷон Сулаймонов аз дарсҳо мегурехт. Ман роҳбари синфи ӯ будам, кӯшиш мекардам, ки шогирдони ман хонандаи боодоб бошанд, аз дарсҳо нагурезанд. Вақте чанд бор барои дарсгурезияш огаҳӣ додам, гӯш накард», — изҳор намудааст ӯ ба Радиои Озодӣ. Азия-Плюс