Дар ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки рӯзҳои 22-24 июн дар шаҳри Тошканд доир мегардад, ҷониби Ӯзбекистон реҷаи раводиди ҷоришуда миёни кишварҳо ҳанӯз моҳи сентябри соли 2000-умро бекор карданӣ нест.
Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод.
Ба бовари манбаъ, дар гуфтушунидҳои Тошканд ҷонибҳо дар масоили барқарор кардани хатсайри ҳавоӣ миёни Душанбеву Тошканд, ки ҳанӯз соли 1992 қатъ гардида буд ва ҳамчунин ташкили равуои автобусҳои мусофиркаш байни як қатор шаҳру навоҳии ҳарду кишвар ба мувофиқа мерасанд.
«Ба эҳтимоли зиёд, Тошканду Душанбе сари масъалаи интиқоли газ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва нерӯӣ барқ аз Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя низ тавофуқ ҳосил намоянд», — таъкид дошт манбаъ.
Ба гуфтаи ӯ, дар гуфтушуниди Тошканд қабули қарорҳои дахлдор дар мавриди роҳандозии ҳамкориҳо дар бахшҳои фарҳангу ҳунар ва транзити молу хизматгузориҳо дар назар аст.
«Баъди ин гуфтушунидҳо дарҳол имзои кадом як аснод ё соззишномаҳоро интизор будан нашояд, агар ҷонибҳо аз рӯи масоили дар боло зикршуда сари як қарори мушаххасе оянд, сипас коршиносон ба таҳияи лоиҳаҳои созишномаҳои байниҳкуматии марбута мепардозанд», — афзуд сарчашмаи хабар.
Ёдрас мекунем, ки дар ин гуфтушунидҳо ҳайати ҳукумати Тоҷикистонро таҳти сарварии муовини аввали нахуствазири ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саид вазирони рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, нақлиёт – Шералӣ Ганҷалзода, саноат ва технологияҳои нав – Шавкат Бобозода, муовини вазири корҳои хориҷӣ Парвиз Давлатзода, сардори Хадамоти гумрук Фаттоҳ Ғоиб, раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Рустам Раҳматзода, директори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзолаиев, роҳбарони КВД «Тоҷик Эйр» ва КВД «Тоҷиктрансгаз» намояндагӣ мекунанд.
Ба ҷуз шахсони зикршуда, ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин аз роҳбарони Раёсатҳои Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Вазорати нақлиёт низ иборат аст.
Дар гуфтушунидҳои Тошканд ҳайати кишвари ҳамсояро муовини аввали нахуствазири кин кишвар Рустам Азимов роҳбарӣ мекунад. Азия-Плюс