Суди ноҳияи Санкт-Петербург афсари Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро, ки ба педофилия гумонбар дониста мешавад, мутобиқи моддаи 6.21-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия «Таблиғи муносибатҳои ғайримаъмулии шаҳвонӣ миёни ноболиғон» ба ҷавобгарӣ кашида, ӯро дар ҳаҷми 50 ҳазор рубл ҷарима ва ба муддати 5 сол аз қаламрави кишвар хориҷ кард.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл афсари Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки дар шаҳри Санкт-Петербург барои такмили ихтисос таҳсил мекард, ба гумони даст доштан дар педофилия (муносибати шаҳвонӣ бо ноболиғон) аз ҷониби кормандони пулис боздошт гардид.
Гумонбар ба педофилия (муносибати шаҳвонӣ бо ноболиғон), афсари Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон интизорӣ дошт, ки дар вокзал шарики ноболиғи худ тариқи мукотиба бо интернетро вомехӯрад, вале ӯро кормандони мақомоти пулис пешвоз гирифтанд. Азия-Плюс