Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) аз Тоҷикистон боздид мекунад.
Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи мазкур, ки рӯзҳои 2-4 июн таҳти раёсати вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо доир мегардад, ҳамчунин вазирони мудофиаи Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон низ иштирок мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа масоили марбут ба таъмини амният дар марзҳои ҷанубии СААД дар робита ба шиддати гирифтани вазъи сиёсиву низомӣ дар Афғонистон ва як қатор кишварҳои минтақаи Шарқи Наздик баррасӣ мешаванд.
Зимнан зикр гардид, ки вазирони мудофиаи кишварҳои узви СААД-ро ҳамчунин президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба ҳузур мепазирад. Азия-Плюс