Вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон генерал-лейтенант Адҳам Аҳмадбоев ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки рӯзҳои 4-6 июн дар шаҳри Душанбе доир мегардад, ба Тоҷикистон меояд.
Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон хабар дод.
Қобили зикр аст, ки ахири солҳои 90-уми қарни гузашта муносибатҳо миёни Тошканду Душанбе ба сардӣ гароида, то ин замон вазири корҳои дохилии ҳамсокишвар боре ҳам аз Тоҷикистон боздид накарда буд. Охирин вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон генерал-полковник Зокир Алматов тобистони соли 1998 ба Тоҷикистон ташриф оварда буд.
Дар кори ҷаласаи роҳбарони ВКД ва Вазорати амнияти ҷамъиятӣ (Чин)-и СҲШ дар Душанбе, ки таҳти раёсати вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рамазон Раҳимзода доир мегардад, ба ҷуз вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон, ҳамчунин иштироки вазирони корҳои дохилии Русия — генерал-полковник Владимир Колоколтсев, Қирғизистон — генерал-майор Мелис Турғунбоев, Қазоқистон — генерал-полковник Қулмуҳанбет Қосимов ва вазири тартиботи ҷамъиятии Чин, узви Шӯрои давлатии Чин Го Шэнкун дар назар аст.
Дар ҷаласаи Душанбе вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви СҲШ масоили марбут ба густариши ҳамкориҳо дар бахши мубориза бо киберҷиноятҳо, терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоиандозиро баррасӣ мекунанд.
Ҳамчунин иштироки вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви СҲШ дар тамринҳои муштараки воҳидҳои махсуси ВКД Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин, ки дар машқгоҳи ҳарбии дараи Магоби шаҳри Ваҳдат барпо мешавад, низ ба нақша гирифта шудааст. Азия-Плюс