Бино ба иттилои дафлатри матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, тафтишот муайян намудааст, ки дар бордони воситаҳои нақлиёти мазкур нуриҳои минералии намуди «селитра» ба миқдори 24 ҳазор кг ва намуди «карбамид» ба миқдори 96 ҳазор кг истеҳсоли Ҷумҳурии Узбакистон дарёфт шудааст.
Гуфта мешавад, молҳои мазкур ба Мирфаёз Муқумов, сокини 31-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва сокини шаҳри Истаравшан ва Абдусалом Абдушукуров тааллуқ дошта, аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба қаламрави гумрукии кишвар бо роҳҳои ғайрирасмӣ бидуни пардохтҳои гумрук и ворид шудаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати шаҳрвандони номбаршуда бо моддаи 289 қ.1 КҶ ҶТ парванда оғоз карда шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад. ASIA-Plus