Мақсуд Иброҳимов, раҳбари ҳаркати “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон”, ки дар Маскав аз ҷониби афроди номаълум рабуда шуда буд, ба Тоҷикистон истирдод кардаанд.
30-юми январ дар нишасти прокуратураи генералии Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфтанд, ки ҳоло ӯ дар боздоштгоҳи Душанбе қарор дошта, алайҳи ӯ бо иттиҳоми экстремистӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст, тафтишоти парвандаи ӯро Вазорати корҳои дохилӣ пеш мебарад.
Николай Николаев, адвокати Иброҳимов, қаблан гуфта буд, ки 5 нафар, ки яке аз онҳо бо либоси низомӣ доштааст, 20-уми январ худро корманди Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия (ФМС) муаррифӣ карда, ӯро аз манзили зисташ рабудаанд.
Адвокат гуфтааст, дар куҷо нигоҳдорӣ шудани зерҳимояаш маълум нест, аммо шахсони номаълум ба наздикони Мақсуб Иброҳимов телефонӣ гуфтаанд, ки ӯро ба Душанбе истирдод хоҳанд кард.
Ӯ гуфта буд, ки ба гумони ғолиб Мақсуд Иброҳимов аз ҷониби кормандони мақомоти амниятии Русияву Тоҷикистон рабуда шуда, ба Тоҷикистон истирдод шавад.
Мақсуд Иброҳимовро ҳамчун узви эътилофи неруҳои мухолифини “Тоҷикистони нав” муаррифӣ мекунанд, ки дар Русия бо шумули Созмони ҷавонон “Барои эҳёи Тоҷикистон” ва “Гурӯҳи 24” ташкил шудааст.
Мақсуд Иброҳимов, ки дар гирдиҳамоиҳо дар Русия бо талаби истеъфои ҳукумати Тоҷикистон, шаби 26-уми ноябр дар Маскав мавриди ҳамла бо корд қарор гирифта буд.
Номи ӯ баъди бистарӣ ва таҳти назорати мақомоти тафтишотӣ дар беморхона қарор гирифтанаш расонаӣ шуд.
“Гуруҳи 24” дар Тоҷикистон расман мамнуъ ва экстремистӣ эълон гардида, Мақсуд Иброҳимов дар Тоҷикистон бо иттиҳоми “ифротгароӣ” ба рӯйхати ҷустуҷӯи байналмилалӣ эълон шуд, аммо нисбати Созмони ҷавонон “Барои эҳёи Тоҷикистон” ҳамчунин қарори судӣ қабул нашудааст.
Анҷумани “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Миёна” бо интишори як баёния аз Маскав аз тақдири ӯ нигаронӣ карда буд.
Ба гузориши ВВС, Надежда Атаева, раҳбари ин анҷуман гуфт, пас аз сӯиқасд дар санаи 26-уми октябр ба ҷони Мақсуд Иброҳимов, раҳбари Созмони ҷавонон “Барои эҳёи Тоҷикистон” ҳамаи муҳоҷирони муқими Русия, ки тавассути телефон ҳушдор ва таҳдидҳо гирифтаанд, аз амнияти худ нигаронанд.
Дар ин баёния, аз ҷумла зикр мешуд, ки: “Иброҳимов дар ин робита ба бахши вазорати корҳои дохилаи Русия дар ноҳияи Саритсино шикоят бурда буд, аммо масъулини мақомот ин шикоятро ҳатто пас аз ворид шудани исми оқои Иброҳимов ба феҳристи ҷустуҷӯи байналмиллалӣ нодида гирифтанд”. TojNews