Бино ба иттилои вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли Тоҷикистон, дар нимаи аввали соли равон аз кишвар 371 ҳазору 587 нафар хориҷ шудаанд, дар ҳоле, ки ин адад соли 2013 — 480 ҳазору 658 нафарро ташкил медод. Аз ин шумора 366 ҳазору 112 нафар ба Русия, 3 580 нафар ба Қазоқистон ва 1895 нафар рафтаанд. Бино бар ин омор, шумори муҳоҷирон имсол 109 000 нафар ё қариб 25 дарсад коҳиш ёфтааст.
Сумангул Тағоева, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли Тоҷикистон гуфт, теъдоди бузурги онҳо афроди мамнӯъулвуруд мебошанд, ки ба далели нақзи қонунҳои Русия иҷозаи вуруд ба ин кишварро аз даст додаанд. Вай гуфт, афроди ҷиноятпеша аз сатҳи пасти дониши ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон истифода бурда, ба онҳо ҳуҷҷату патенти қалбакӣ омода карда, бо ҳамин ҳузури онҳоро ғайриқонунӣ мекунанд, аз ин хотир, мақомот ин маворидро ошкор намуда, барои бештар аз ду мавриди нақзи қонунгузорӣ вуруд ба Русияро манъ мекунанд.
Сумангул Тағоева гуфт, ихроҷ шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ва ё манъи вуруди онҳо ба ин кишвар пас аз 1 январ эҳтимолан бештар шавад, зеро пас аз ин мақомоти Русия аз шаҳрвандони Тоҷикистон сертификати забони русиро талаб хоҳанд кард ва шахс бояд забони русиро ба дараҷаи кофӣ дар соҳаҳои муайян донад. Радиои Озоди