Мулоқоти Алимардон бо Маматалиев баъд аз тирпаронӣ

Баъд аз зуҳри панҷшанбе Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири Тоҷикистон, бо ҳамтои қирғизаш Абдураҳмон Маматалиев сари мизи гуфтушунид нишаст. Як манбаи мутаъмад аз Исфара гуфт, музокироти ҷонибҳо бештар сари роҳҳои марзӣ буда, маълум нест, масъалаи тирпаронии 10 июл дар марз, ки як кушта ва ҳафт маҷруҳ барҷой гузошт, низ баррасӣ хоҳад шуд, ё не.

Ин музокирот дар ҳоле баргузор мегардад, ки Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд ва узви ҳайати Тоҷикистон, гуфтушуниди аз ин пешро бенатиҷа дониста буд. “Дар нишастҳое, ки дар марзи Қирғизистон ва ҳам дар Тоҷикистон сурат гирифтанд, мутаассифона, на дар мавриди муайян кардани хатти гузариши роҳи Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ» ва «Исфара-Ворух» ва ҳам дар мавриди муайян кардани муқаррароти созишномаи байни ҳудуди Тоҷикистону Қирғизистон ба мувофиқа нарасидем”,-илова карда буд Санигинов.

Муовини аввали раиси вилояти Суғд афзуд, ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кардааст, роҳи гузариши “Исфара-Ворух” бояд роҳи мустақил ва тамоми паҳлӯҳои идоракунию истифодабарӣ ва назорати роҳ бояд бар уҳдаи мақомоти дахлдори Тоҷикистон бошад. “Вале ҷониби Қирғизистон ақида дорад, ки ин роҳ бояд дар истифодаи дутарафа бошад ва назорати роҳ низ ба мақомоти дуҷониб вогузор карда шавад. Мо гуфтем, агар замоне, ки Шумо истифодаи дутарафа пешбинӣ мекунед, чӣ зарурати сохтмони роҳи нав аз ду тараф дорад?”,-мегӯяд Санигинов. Озодагон

Вам может также понравиться...

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован.