Орзуи бунёди хонавода, манзили зист ва хариди мошини сабукрав аз ҷониби ҷавонони тоҷик бо ихроҷ аз Русия то андозае барбод меравад.
Ихроҷи муҳоҷирони тоҷик бо теъдоди бузург дар ду соли ахир аксари хонаводаҳоро, ки даромади аслии зиндагиашон аз ҳисоби муҳоҷират буд, ба мушкили ҷиддӣ рӯ ба рӯ кардааст.
Тибқи иттилои созмонҳои кор бо муҳоҷират, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар чанд соли ахир аз Русия ихроҷ шудаанд, ҳудуди 100 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Дар соли гузашта ва ибтидои соли ҷорӣ низ равнади ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия дар ҳоли афзоиш аст.
Далер Раҳматов, сокини ноҳияи Ваҳдат аз ҷумлаи ҷавононест, ки соле пеш аз Русия ихроҷ шуд ва бо ҳамин то ҳол орзуи издивоҷ ва бунёди манзили зисташ ҷаомаи амал напӯшидааст. Далер мегӯяд, тасмим дошт, соли аввали кор дар Русия барои издивоҷаш маблағ ҷамъоварӣ кунад ва пас аз издивоҷ барои бунёди манзили зист дар паҳлӯи манзили зисти волидайн корро дар муҳоҷират идома диҳад, вале бо ихроҷаш аз Русия ин орзуи ӯ амалӣ нашуд. Ин ҷавон мегӯяд, то замоне, ки дар Русия буд, хонаводаашро таъмин мекард, аммо дар ҳоли ҳозир гоҳо рӯз барои сафар ба истилоҳ худ «кисапулӣ» пайдо намекунад: «Ин ҷо медонед, ки кор нест. Дар як сохтмон дар ҳамин Ваҳдат гоҳо кори муввақатӣ пайдо мекунам. Баъзан моҳҳо то ҳазор сомонӣ меёбам, аммо дар як оила ин ҳеҷ чиз намешавад. Танҳо барои хӯрока мерасад. Умед ба Русия буд, ки кор карда, хонадор мешавам ва хона бунёд мекунам, аммо ҳоло ин чизҳо ҳамааш барбод рафт.»
Ба мисли Далер шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳақи сафар ва кор дар Русияро надоранд ё ба истилоҳ «депорт» шудаанд, ҳудуди 100 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Бо ин ҳол, интиқоли маблағи муҳоҷирон аз Русия ҳам дар қиёс ба солҳои пеш коҳиш ёфтааст. Дар семоҳаи аввали соли 2014 муҳоҷирони тоҷик аз Русия 502 миллион доллар равон кардаанд, ки дар қиёс бо айни давраи соли 2013 бештар аз 13 дарсад кам будааст.
Лутфиямоҳ Солиҳова, ки таҷрибаи кор бо созмонҳои марбт ба муҳоҷирони кориро дорад, мегӯяд, ихроҷи муҳоҷирон бо теъдоди чашмгир тадриҷан мушкили ҷиддии иҷтимоӣ-иқтисодиро рӯи об мебарорад. Ӯ мегӯяд, ҳоло дар ҳар хонаводае, ки сарпарасти оила аз Русия ихроҷ шудааст, ҷанҷолҳои хонаводагӣ зиёд аст. Ӯ аз ҳолатҳое ёд меорад, ки чунин ҷанҷолҳо паёмадҳои нохуб ҳам доштаанд.
Ҳоло таъсири коҳиши пули муҳоҷирон дар бозорҳои дохилии Тоҷикистон низ каму беш эҳсос мешавад. Сабзалӣ Раҳимов, як фурӯшандаи маҳсулоти сохтмонӣ мегӯяд, аксари харидорони онҳо муҳоҷиронанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи вай, муҳоҷирон ба наздиконашон пул мефиристанд, ки дар ҳамин фасл манзил бисозанд, вале ҳоло шумораи чунин мардуми хонасоз хеле кам шудааст. Наздикони муҳоҷирон аз онҳо бо пули муҳоҷират масолеҳи сохтмонӣ мехаранд ва онҳое, ки биноҳои боҳашамат месозанд, худашон мустақиман аз Русия ё ҷои дигар масолеҳашонро меовардаанд.
Аммо бархе коршиносон мегӯянд, коҳиши интиқоли маблағҳо танҳо ба ихроҷи муҳоҷирон вобаста нест. Давлат Раҷабов, як коршиноси ҷавон мегӯяд, бӯҳрони Украина ва таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия ба муҳоҷирони кории тоҷик бе таъсир намемонад. Зеро як кордиҳандаи аслии муҳоҷирон ширкатҳои хусусианд, ки бо таҳаввулоти Украина ва танишҳои Русия бо Ғарб маблағҳои худро дарунтар пинҳон мекунанд, то мабодо шикаст нахӯранд. Коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки шояд ин раванд дар моҳҳои оянда бештар рушд кунад ва буду боши муоҳҷиронро дар Русия сангинтар кунад.
Тибқи гузоришҳои расмии Тоҷикистон, ҳоло беш аз 800 ҳазор шаҳрванди ин кишвар дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатианд. Аммо омори ҷониби Русия ин рақамро беш аз 1 миллион мегӯяд.
Мӯъмин Аҳмадӣ. Радио «Озоди»