АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ. Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав барои муҳоҷирони тоҷик 5-6 нуқтаи шиносномадиҳӣ-шиносномаи хориҷӣ таъсис медиҳад.
Дар ин бора Имомиддин Сатторов -Сафири Тоҷикистон дар Русия хабар додааст. Ин тасмим дар пайи қарори Ҳукумати Русия дар бораи манъи истифодаи шиносномаи дохилии Тоҷикистон дар ҳудуди Русия амалӣ мешавад.
“Шаҳрвандони як кишвари мустақил ба кишвари дигар бояд бо шиносномаҳои хориҷӣ сафар кунанд. Бо шиносномаи хориҷӣ сафар кардан, маънои ҷорӣ кардани раводидро надорад. Ин масъала барои содда кардани вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия матраҳ шудааст”,- гуфт Имомиддин Сатторов.
Қарори Ҳукумати Русия дар бораи манъи истифодаи шиносномаи дохилии тоҷикӣ дар ҳудуди ин кишвар аз 1-уми январи соли 2015 ба ҳукми амал медарояд.