«Барқи Тоҷик» нархи барқро 12,6 дирам кардааст

Радиои Озодӣ.

Нархи як киловатт-соат нирӯи барқ дар Тоҷикистон аз 1 июл 12,6 дирам хоҳад шуд.  Дафтари матбуоти ширкати «Барқи Тоҷик» рӯзи 30 июн ба Озодӣ гуфт, аз рӯзи сешанбе нархи нирӯи барқ дар кишвар 15 дарсад боло рафта, мардум ба ҷои 11 дирам барои ҳар киловатт-соат нирӯи барқ 12,6 дирам пардохт хоҳанд кард. Мувофиқи нархномаи нав, қимати барқ барои  корхонаҳо барои ҳар киловатт-соат 30,6 дирам таъин шудааст. Аммо «Барқи Тоҷик» мегӯяд, корхонаи «Талко» — бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон- боз ҳам нархи боимтиёз хоҳад дошт ва аз 1 май то 30 сентябр барои ҳар як киловатт-соат нирӯи барқ 7,2 дирам ва аз он ба баъд 11,8 дирам пардохт хоҳад кард.

Вам может также понравиться...

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован.